Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони сахти Маҳмуди Аҳмадинажод


Интизор меравад, ки имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон ҳайъати ҳукумати навашро ба порлумони ин кишвар муаррифӣ кунад. Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, қасд дорад, дасти кам се нафар занро ба мақомҳои вазирӣ интихоб намояд, ки дар таърихи пас аз инқилоби исломии Эрон дида нашудааст. Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин ишора кардааст, ки яке аз шарикони наздикаш Ҳайдар Муслиҳиро ба мақоми вазири иттилоъот пешниҳод хоҳад кард. Ҳайъати 21 нафарии ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажодро порлумон ва ё Маҷлиси Эрон бояд тасвиб кунад. Бино ба гузоришҳо Маҳмуди Аҳмадинажод дар таъйиди ҳайъати ҳукуматаш ба мухолифати ҳам ҷиноҳҳои муҳофизакор ва ҳам ислоҳталабон рӯ ба рӯз хоҳад шуд, ки пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро дар интихоботи баҳсбарангез ғайриқонунӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG