Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ дар як бонки шаҳри Кобул


Пулиси Афғонистон ба думболи тирандозӣ бо ҷангҷӯёни Толиб гурӯҳе аз онҳоро дар дохили як бонк муҳосира кардаанд. Сайид Абдул Ғаффор Сайидзода - сардори бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ки маъмурони амниятӣ се нафар аз ҳамлаваронро дар дохили бонк куштаанд. Як сухангӯи Толибон, ин ҳодисаро ҳамлаи ин ҷангҷӯён ба шаҳри Кобул дар остонаи интихобот хондааст, вале пулис мегӯяд, ин гурӯҳе ҷинояткороне ҳастанд, мехостанд банкро ғорат кунанд. Ҷангҷӯёни Толиб қавл додаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро, ки фардо баргузор мешавад, баҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG