Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқодҳо аз даъвати ахири давлати Афғонистон


Фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон даъвати давлати Афғонистон аз расонаҳои маҳаллӣ ва ғарбӣ ба худдорӣ аз нашри хабари хушунатҳо дар рӯзи интихоботро маҳкум карданд. Толибон таҳдид кардаанд, ки раъйгириро ба ҳам хоҳанд зад ва мақомот тарс доранд, ки гузоришҳо дар бораи хушунатҳо дар рӯзи интихобот метавонад ба мушорикати мардум дар раъйгирӣ латма бизанад. Ин даъвати Кобул замоне садо дод, ки бар асари силсилаи ҳамлаҳои рӯзи сешанбе дар Афғонистон мардуми зиёд, аз ҷумла 7 нафар, бо шумули як сарбози НАТО ва ду корманди маҳаллии СММ дар шарқи Кобул кушта шуданд.
Рейчел Рейд, пажӯҳишгари масоили Афғонистон дар созмони Human Rights Watch, даъвати Кобул ба сонсури хабари хушунатҳоро нақзи ғайриқобилитавҷеҳи озодии матбуот номид. Раҳимуллоҳ Самандар, раҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони мустақили Афғонистон, гуфт, созмони ӯ ҳар навъ иқдомеро, ки аз дастрасии мардум ба ахбор ҷилавгирӣ кунад, маҳкум мекунад.
XS
SM
MD
LG