Пайвандҳои дастрасӣ

Майкл Ҷексонро рӯзи 29 август ба хок хоҳанд супурд


Ҷанозаи ситораи мусиқии поп Майкл Ҷексон дар поёни моҳи август, дар зодрӯзи “Подшоҳи Поп” ба хок супурда хоҳад шуд. Хонаводаи овозхон гуфт, Майкл Ҷексонро рӯзи 29 август, дар рӯзе ки ӯ 51-сола хоҳад шуд, бо анҷоми як маросими хусусӣ дар шаҳраки Глендейл, дар ҳошияи Лос-Анҷелес бо ҳузури танҳо пайвандон ва дӯстони наздикаш дафн хоҳанд кард.
Майкл Ҷексон рӯзи 25 июн аз ҷаҳон даргузашт. Мақомот ба таҳқиқи иллатҳои марги нобаҳангоми ӯ идома медиҳанд ва феълан рӯи фарзияи марбут ба амалкарди табибони овозхони фақид тамаркуз кардаанд.
XS
SM
MD
LG