Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қимати нафту саҳом боло рафт


Нархи бушкаи нафт рӯзи сешанбе ба ҳадди 69 доллар боло рафт. Афзоиши нархи нафт ба дунболи боло рафтани қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳонист. Сармоядорони нафт акнун мунтазири гузориши нав дар бораи захоир ва талабот ба маводи сӯхти Амрико хоҳанд нишаст, ки имрӯз бояд нашр шавад. Бино бар интизори таҳлилгарон, ҳаҷми талабот ба маводи сӯхт дар Амрико шояд заифтар шавад.
XS
SM
MD
LG