Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Каримов бо генерал Петреус дар Тошканд


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар як мулоқот бо генерали амрикоӣ Девид Петреус масоили амнияти минтақаро баррасӣ кардааст. Сафорати Амрико дар Тошканд бидуни овардани ҷузъиёт гуфт, Каримов ва Петреус ба масоили калидии амнияти минтақа пардохта, рӯи вазъи Афғонистон тамаркуз кардаанд. Петреус фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрикост, ки аз ҷумла масъулияти фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистонро бар ӯҳда дорад. Дар пайи ин мулоқот, хабаргузории расмии УЗА аз қавли Каримов навишт, ки равобити Узбакистону Амрико беҳтар шудааст.
XS
SM
MD
LG