Пайвандҳои дастрасӣ

Мавлавӣ Умар кушта шудани Маҳсудро тасдиқ кардааст


Бино ба хабарҳо, сухангӯи аршади боздоштшудаи Таҳрики Толибони Покистон ҳалокати раҳбари ин гурӯҳ Байтуллоҳ Маҳсудро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти иктишофӣ, Мавлавӣ Умар ба муфаттишон гуфтааст, ки Маҳсуд бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар авоили моҳи август кушта шуд. Толибон қаблан ҳалокати раҳбари ин гурӯҳ дар ҳамлаи рӯзи 5 августро радд мекарданд.
Мақомоти Покистон мегӯянд, Мавлавӣ Умар, ки мушовири аршади Байтуллоҳ Маҳсуд шинохта мешуд, рӯзи душанбе дар минтақаи қабиланишини Мӯҳманд дар наздикии марз бо Афғонистон боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG