Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Анвар Қайюмов шурӯъ шуд


Додгоҳи вилояти Суғд ба муҳокимаи парвандаи Анвар Қайюмов ва тарафдоронаш оғоз кард. Анвар Қайюмов раҳбари шӯъбаи Ҳаракати Исломии Узбакистон дар Исфара шинохта шуда, ба даст доштан дар ҷиноёти сангине, чун куштор, сирқати аслиҳа, тақаллуби аснод ва таъсиси созмони ҷиноӣ, муттаҳам мешавад. Ҳамроҳ бо Анвар Қайюмов 6 тан аз тарафдоронаш ба додгоҳ эҳзор шуданд.
Ӯ моҳи январи соли равон дар Афғонистон боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG