Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол 4 тоҷик аз дасти қавмгароён кушта шуданд


Дафтари ҳуқуқи башари Маскав дар гузориши ҷадидаш мегӯяд, таи 7 моҳи аввали соли равон дар Русия бар асари ҳамалоти гурӯҳҳои қавмгаро 4 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 10 тани дигар захмӣ шудаанд. Имсол дар натиҷаи ҳамалот дар заминаи адовати қамиву нажодӣ дар Русия бештар аз ҳама атбоъи Узбакистон – 11 нафар – кушта шудаанд.
Бино ба гузориши ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, дар маҷмӯъ дар 7 моҳи аввали сол дар Русия бо дасти гурӯҳҳои қавмгаро 126 ҳамла анҷом шудааст, ки 37 нафарро кушта ва дастикам 126 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.
Бино ба ҳисоби ин созмон, тайи ҳамин давраи соли гузашта дар Русия аз дасти қавмгароён 73 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG