Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи муттаҳамон ба терроризм


Додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон субҳи имрӯз муҳокимаи як гурӯҳи 6 нафариро оғоз кард, ки ба узвият дар як созмони терорристӣ муттаҳам мешаванд. Додоҷон Гадойбоев – додраси додгоҳи мазкур гуфт, ин шаш нафар аз ноҳияи Исфара ба узвият дар Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон ва ба ҷиноёти вазнине, аз қабили одамкушӣ, таъсиси иттиҳоди ҷиноятӣ, дуздии силоҳи оташфишон муттаҳам мекунанд. Ин гурӯҳро аввали ҳамин сол дастгир карданд. Яке аз онҳо Анвар Қайюмов дар шаҳри Кобул дастгир ва моҳи январ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон як созмони тундрави исломиест, ки ба феҳрасти созмони терористӣ ва фаъолияташ мамнӯъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG