Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси 4 гирифтори нави таби хунин


Чаҳор сокини деҳаи Даъвати ноҳияи Темурмалик аз бемории таби хунин дар беморхонаи марказии ин ноҳия бистарӣ шудаанд.

Раҷабалӣ Назаров, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик мегӯяд, ин деҳа таҳти муроқибаи пизишкон қарор дошта, хатари паҳншавии бемории таби хунин бартараф гардидааст ва ҳоли ҳозир ҳолати беморон низ рӯ ба беҳбудист.

Ба қавли ӯ таби хунин ба сокинони ин деҳа аз неши канаи ҳайвон сироят кардааст. Ҷаноби Назаров афзуд, ки дар ноҳияи Темурмалик аксаран ба парвариши гову мол шуғл доранд ва дар бадани аксари ҳайвонот канаи беҳол мавҷуд аст, ки аз заҳри он инсон ба чунин беморӣ мубтало мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҷиҳати кашф ва пешгирии таби хунин дар ноҳия корҳои ташхисӣ шурӯъ гардидааст. Вогиршиносон, кормандони хадамоти байторӣ ва пизишкони Кӯлоб ба ин ноҳия сафарбар шудаанд.

Садбарг Камолова, як сокини ин ноҳия зимни сӯҳбат гуфт, ки хешовандони онҳо бо гумони ин беморӣ мавриди ташхис қарор гирифтанд, вале хушбахтона, ин гумон ботил баромадааст.

Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Ҷаноби Назаров, сарпизишки ин ноҳия мегӯяд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта, дар муддати 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Аммо вай мегӯяд, ҳоли ҳозир ба ҳеҷ як сокини ноҳия ин хатар таҳдид намекунад.

Дар ҳамин ҳол пизишкон мегӯянд, дар бархе аз деҳоти навоҳии Темурмалик, Балҷувон ва Шӯробод макони канаҳои паҳнкунандаи бемории таби хунин вуҷуд дорад, ки баъзан дар гармои тобистон ба сокинон неш мезананд. Ба унвони мисол соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб 5 нафар аз неши канаи ҳайвонот ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.
XS
SM
MD
LG