Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти таби хунӣ ба чаҳор нафари дигар


Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мегӯянд, чаҳор мавриди нави гирифторӣ ба бемории кушандаи табӣ хунӣ дар ин кишвар сабт шудааст, вале ба ҷони беморон хатаре таҳдид намекунад. Ба гуфтаи мақомот, чаҳор нафар аз сокинони ноҳияи Темурмалик воқеъ дар 170 километрии ҷануби Душанбе мубталои табӣ хунӣ шудаанд, вале ба ҷони онҳо хатаре таҳдид намекунад. Мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, тамоми иқдомоти зарурӣ барои роҳ надодан ба густариши бемориро андешидаанд. Табӣ хунӣ, ки аз бемориҳои ниҳоят хатарнок маҳсуб мешавад, чанде пеш дар ноҳияи Турсунзода ғарби Тоҷикистон се нафарро ҳалок кард. Ҷузъиёти бештарро дар идомаи барнома мешунавем.
XS
SM
MD
LG