Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои сиёсии Иттиҳоди мухолифони қирғиз эълон кард, ки ду ҳизби сиёсӣ иттиҳод мебанданд.

Раҳбари Ҳизби сосиал-демократ Алмосбек Атамбоев, ки дар интихоботи президентии 23-юми июл ноком шуд, иттиҳоди ду ҳизбро дар муборизаҳои ояндаи мухолифони Боқиев фоли нек арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи Атамбоев ба ҳам иттиҳод бастани ду ҳизб, ки дар меҳвари асосии муборизаҳо қарор доранд, иқдоми хеле хуб аст.

Вай гуфт, ки иттиҳоди ду ҳизби сиёсӣ ногузир аст ва агар зарурат тақозо намояд, омодааст ба манзури ин иттиҳод аз мақоми раҳбарии ҳизби сосиал-демократ даст кашад ва Омурбек Текебоев, раиси ҳизби «Ата Мекен»-ро ба ҳайси раҳбари ягонаи ҳизби нав бипазирад.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби «Ата Мекен», изҳор кард, ки ҳизби сосиал-демократ ва ҳизби «Ата Мекен» ғояҳои муштарак доранд ва дар амал ин ду ҳизб аллакай иттиҳод бастаанд. Ба гуфтаи Текебоев, аммо масъалаҳои фаннӣ ва ҳуқуқии иттиҳоди ҳизбҳо дар пеш аст, ки дар зудтарин фурсат бояд ҳал карда шавад.

Тупчибек Турғуналиев, яке аз мухолифони дигари Боқиев, мегӯяд, ки низоми Боқиев як гурӯҳ ҳамсафони онҳоро мавриди боздошт қарор додааст ва ӯ ин афродро, ки теъдодашон аз панҷоҳ нафар беш аст, маҳбусони сиёсӣ мехонад.

Ба гуфтаи коршиносон, шикаст дар интихоботи президентии моҳи сипаришуда мухолифони президент Боқиевро хеле ҳушёр кардааст. Ҳарчанд раҳбарони мухолифин қабл аз натиҷагириҳои ниҳоии маъракаи раъйдиҳии 23 июл мардумро итминон медоданд, ки дар интихоботи президентӣ пирӯзӣ ҳатман бар ҷониби онҳост, вале комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо ғалабаи Қурмонбек Боқиевро эълон кард.

Бино ба натиҷагирии ин комиссия президент Боқиев бо беш аз 76 дарсади овозҳо барои навбати дуввум курсии раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро ишғол кард.

Дар ҳамин ҳол Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, бар ин ақида устувор аст, ки фақат таъсиси ҳукумати эътилофӣ ҳамаи ин нобасомониҳоро аз байн хоҳад бурд.

Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, пеши роҳи оппозисиюн монеаҳои зиёд мавҷуданд ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин бӯҳрон ташкили ҳукумати эътилофӣ мебошад.

Аммо коршиноси масоили сиёсӣ Орозбек Молдоалиев мегӯяд, баъзе намояндагони мухолифин, ки мехоҳанд ба сари қудрат биёянд, дар миёни мардуми кишвараш тарафдорони зиёд надоранд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳатто як барномаи мушаххасеро зери даст надоранд, ки бишавад гуфт, фаъолияти онҳоро барои оянда муайян карда тавонад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин сару садоҳо иттиҳоди мухолифон тасмим гирифтааст, ки низоми наверо тарҳрезӣ кунад. Гуфта мешавад, ки низоми нав дар мавриди муттаҳид сохтани нерӯҳои, ба истилоҳи мухолифон, тараққихоҳ хеле мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG