Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Сурияву Ироқ


Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ, имрӯз дар Сурия бо Башшор Ассад - раиси ҷумҳури ин кишвар, доир ба масоили амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ гуфтӯгу мекунад. Нурӣ Ал-Моликӣ пойфишорӣ дорад, то Сурия афроди муттаҳам дар ҳамлаҳо дар Ироқро ба ин кишвар бисупорад. Ӯ ҳамчунин аз Сурия мехоҳад, то ҷиҳати поён додан ба убуру мурури шӯришиён ба Ироқ мусоидат кунад. Раҳбарони Сурия ва Ироқ ҳамчунин масоили тақсими обро баррасӣ мекунанд, чун ин ду кишвар аз Туркия хостаанд, бигзорад, то оби бештаре ба Фурот ва Даҷла ҷорӣ шавад. Интизор меравад, ки Нурӣ Ал-Моликӣ бо раҳбарони қабилаҳои ироқии фирорӣ дар Сурия дидор ва онҳоро барои бозгашт ба Ироқ ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG