Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати коркунони СММ дар Афғонистон


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар як бомбгузорӣ дар шаҳри Кобул ду корманди ин созмон ҳалок шудааст. Кай Эйде раҳбари дафтари Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, яке дигар аз коркунони ин муассиса бар асари инфиҷор маҷрӯҳ шудааст. Мақомоти Афғонистон эълом карданд, имрӯз як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба корвони мошинҳои нерӯҳои байналмилалӣ дар шаҳри Кобул равона кард ва дасти 6 нафар кушта ва бештар аз 50 нафари дигар маҷрӯҳ намуд. Сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон гуфт, чанде аз сарбозони ин нерӯҳо захм бардоштаанд. Ҷангҷӯёни Толиб, масъулияти ин бомбгузорииро бар дӯш гирифтанд. Онҳо таҳдид кардаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро, ки рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд, ба ҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG