Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи омор: Сатҳи таваррум 3,1 дарсад аст


Тибқи иттилои кумитаи омори Тоҷикистон, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум, ё беқурбшавии пул дар кишвар 3,1 дарсадро ташкил додааст.

Бино ба гузориши ин кумита, дар ин давра қимати маводи ғизоӣ 1,9 дарсад афзоиш доштааст. Ва дар ин ҳафт моҳ арзиши маҳсулоти сабади истеъмолии як узви хонавода дар Тоҷикистон ҳудуди 90 сомониро ташкил додааст. Дар ҳоле, ки арзиши маҳсулоти сабади истеъмолӣ дар як моҳ бояд 181 ё ҳудуди 42 доларро қиммат дошта бошад.

Аммо оё дар воқеъ метавон ба омори мунташиршуда дар робита ба сатҳи таваррум эътимод кард?

Мутахассисони ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ ин рақамро як амри табиӣ ва воқеӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, арзоншавии қиммати бархе аз маҳсулот дар аввали соли равон дар бозорҳои ҷаҳонӣ имкон дод, ки аз афзоиши зиёди мизони таваррум дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад.

Нуриддин Қаюмов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, бар асари бӯҳрон нархи бархе маҳсулот, аз ҷумла сӯзишворӣ, худи мошин, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоӣ, арзон шуд, ки дар натиҷа боис шуд сатҳи таваррум бисёр боло наравад.

Аммо ин дар ҳолест, ки таҳлигарони мустақил гузориши мазкурро дар марвиди сатҳи 3 дарсадии мизони таваррум дур аз воқеият медонанд. Ин таҳлилгарон мегӯянд, бар асоси ҳисобҳои алтернативӣ мизони таваррум аз аввали сол то кунун дар Тоҷикистон ҳудуди 20 дарсадро ташкил медиҳад.

Масъуд Собиров, устоди Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон, мегӯяд, усули классикии натиҷагирӣ аз сатҳи таваррум дар Тоҷикистон имрӯз кор намедиҳад
Масъуд Собиров, мудири кафедраи иқтисод дар Донишгоҳи иқтисодиёти Тоҷикистон, мегӯяд, ҳатто усули классикии натиҷагирӣ аз мизони таваррум дар иқтисоди бесуботи Тоҷикистон имрӯз ба дурустӣ кор намедиҳад. Ӯ мегӯяд, масалан соли гузашта як килограмм помидор панҷоҳ дирам буд, имсол аз якуним сомонӣ кам намешавад. Ин худ дусад фоиз таваррум дар марвиди ҳамин маҳсулот аст.

Аммо дар шаш моҳи дигари соли равон таварум чӣ сатҳе хоҳад дошт? Доктори улуми иқтисод Нуриддин Қаюмов бовар дорад, ки сатҳи рушди иқтисодӣ агарчанд назар ба соли гузашта пастравии чандоне надорад, аммо мизони таваррум болотар хоҳад рафт. Зеро ба эҳтимоли зиёд қимати маҳсулоте, ки Тоҷикистон ворид мекунад, бо эътидоли авзои иқтисодии кишварҳо то поёнии сол афзоиш хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки Бонкии миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар соли 2009 ҳудуди 9 дарсад пешбинӣ кардааст. Созмонҳои байнулмилалии молиявӣ эҳтимоли ин мизонро болотар 13-14 дарсад тахмин мекунанд. Ба гуфтаи ин ниҳодҳо талабот ба ду фаровардаи аслии Тоҷикистон пахта ва алюминиюм дар бозорҳои ҷаҳонӣ коҳиш ва ба ин далел қимати онҳо то 7 дарсад поин рафтааст. Ва мутаносибан қиммати пули миллии сомонӣ низ дар баробари доллар аз аввали сол то кунун 8 дарсад коҳишро нишон додаст.

Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли гузашта ба гузориши расмӣ ҳудуди 11,8 дарсад ташкил дод, дар ҳоле, ки таҳлилгарон онро 19-20 дарсад тахмин мекарданд. Дар соли равон низ ба гуфтаи коршиносони мутақил, то поёни сол сатҳи таваррум камокон ҳудуди бист дарсадро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG