Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Ҷанг дар Афғонистон тӯлонӣ хоҳад буд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, ки ҷанг дар Афғонистон осон нахоҳад буд ва ба зудӣ хотима нахоҳад ёфт.

Вай инчунин зимния як суханронӣ дар аёлати Аризона ҳушдор дод, ки Ироқ бо хушунатҳои “бемаънӣ” бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Раҳбари Амрико гуфт, шӯриши Афғонистон яку якбора ба амал наомадааст, ва ба ҳамин хотир набояд интизор шуд, ки нерӯҳои Толибон ва ҳампаймононашон аз Ал-Қоида ба зудӣ мағлуб карда шаванд.

Бо вуҷуди ин Обама ба боқимондани артиш дар Афғонистон таъкид дошт. Вай гуфт, “мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромуш накунем, ки мо ин ҷангро бо хости худ шурӯъ накардаем ва ин ҷанги маҷбурӣ буд. Онҳое, ки 11 сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамла оварданд, ҳуҷумҳои такрориро тарҳрезӣ мекунанд. Агар мо инро нодида бигирем, ошуби Толибон маънои ташкили паноҳгоҳи ҳатто бузургтареро хоҳад дошт, ки Ал-Қоида куштори теъдоди бештари амрикоиҳоро тарҳрезӣ хоҳад кард. Ҳамин тавр бурдани ин ҷанг на танҳо зарурист, балки ин таҳкурсии дифои шаҳрвандони мо мебошад”.

Ба эътиқоди таҳлилгарон, бо ин суханонаш Обама амрикоиҳоро ба ҷанги тӯлонӣ омода мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки талафоти ҷангии Амрико дар Афғонистон баъд аз афзоиши шумораи артиши ИМА дар он кишвар афзудааст ва ҳимояти мардум аз ин ҷанг коҳиш меёбад.

Аз замони омаданаш ба Кохи сафед январи соли равон Барак Обама дар сиёсати берунаи ҳукуматаш авлавиятро аз ҷанги номаҳбуби Ироқ ба Афғонистон тағйир дод. Суханони Обама дар ҳоле садо медиҳанд, ки Афғонистон ба интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи панҷшанбе омодагӣ мегирад ва аз нигоҳи шореҳон, Толибон аз замони рондашуданашон соли 2001 ҳоло бесобиқа нерӯманданд.

Аксарият бар ин назаранд, ки таъмини амнияти раъйгирӣ барои стротежии нави Обама дар Афғонистон интиҳоми муҳиме хоҳад шуд. Соли ҷорӣ тибқи ин стротежи шумораи артиши амрикоӣ аллакай ба 30 ҳазор сарбоз афзоиш ёфт. Толибон фишорашонро болои ниҳодҳои давлатии кишвар шиддат бахшида, масъулияти инфиҷор дар Кобулро, ки мунҷар ба марги 7 нафар гаштааст, бар души худ гирифтаанд.

Дар суханрониаш Обама аз изҳори дидгоҳаш ба мавқеи номзадҳо худдорӣ намуд, то ки ҳеҷ кас Амрикоро дар дахолат ба корзори интихоботии Афғонистон муттаҳам накунад. Назарсанҷиҳои охир ҳокӣ аз онанд, ки Ҳомид Карзай аз рақиби асосиаш Абдулоҳ Абдуллоҳ пешравии чашмрас дорад.

Дар робита ба Ироқ Обама гуфт, ки баъд аз гирифтани масъулияти сарнавишти кишвар ба дасти худ ироқиҳоро афзоиши хушунатҳо интизор аст, ки барояшон ин интиҳоме хоҳад буд.

Вай гуфт, “мардуми Ироқ бояд донанд, ки ИМА ба уҳдадориҳояш содиқ хоҳад монд. Ва мардуми Амрико бояд бидонанд, ки мо ба иҷрои стротежиамон идома медиҳем. Дар охирҳои соли ҷорӣ мо ба фарохонии фирқаҳои ҷангиамон аз Ироқ оғоз мекунем. То охири моҳи августи соли оянда мо тамоми фирқаҳои ҷангиро аз Ироқ мебарорем. Ва то охири соли 2011 тамоми артиши мо аз Ироқ хориҷ мешавад. Ва барои Амрико ҷанги Ироқ ба поён мерасад”.

Интизор меравад, ки фармондеҳи нави нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенлӣ Маккристал дар зудтарин фурсат баъд аз маълум шудани натиҷаҳои интихоботи Афғонистон дар барои арзёбии стротежии нав гузориш медиҳад.
XS
SM
MD
LG