Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурзандоз Дилшод Назаров дар ҷаҳон 11-ум шуд


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик
Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Берлин ҷои 11-умро касб кард.

Вай дар сабқати ниҳоӣ гурзро ба масофаи 71 метру 69 сантиметр ҳаво дода, аз 12 варзишгаре, ки ба финал баромаданд, танҳо аз як нафар пеш гузашт.

Варзишгари Словения Примош Козмус, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, бо натиҷаи 80,84 м ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Примош Козмус дар Олимпиадаи Пекин бо натиҷаи 82 м 02 см соҳиби медали тилло гашта буд. Дилшод Назаров бошад, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр дар ҷои 9-ум қарор гирифта буд.

Шимон Сиолковски (Лаҳистон), қаҳрамони Олимпиадаи Сидней-2000, бо натиҷаи 79,30 м соҳиби медали нуқра шуд. Варзишгари Русия Алексей Загорний бо натиҷаи 78,09 м бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар сабқати ниҳоӣ дар ҷойҳои аз 4-ум то 12-ум инҳо қарор гирифтанд: Кристиан Парс (Маҷористон, 77,45 м), Сергей Литвинов (Олмон, 76,58 м), Маркус Эссер (Олмон, 76,27 м), Андраш Хаклис (Хорватия, 76,26 м), Павел Кривитски (Булғористон, 76,00 м), Никола Виссони (Италия, 73,70 м), Либор Чарфрейтаг (Словакия, 72,63 м), Дилшод Назаров (Тоҷикистон, 71,69 м), Игор Виниченко (Русия, х х х).

Ғайрат Неъматов, мураббии собиқи Дилшод Назаров, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дилшод Назаров, ки барои аввалин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, имкон дошт, ки дар байни панҷ нафар зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷойгир шавад. Аммо ба ҷои он ки натиҷааш дар финал нисбат ба сабқати интихобӣ беҳтар шавад, баръакс 4 метру 14 сантиметр камтар шуд. Ба фикри ман вай дар чунин лаҳзаҳои ҳалкунанда ба кӯмаки мураббиаш Юрий Пискунов, ки ӯро дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин ба сабқати ҷаҳонӣ омода кардааст, ниёз дошт. Бинобар ин барои ба Олмон сафар кардани мураббиаш бояд ҳатман маблағ дарёфт карда мешуд. Дилшод Назаровро, ки худ президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст, дар ин сафар муовинаш Рашид Саидов ва дабири кулли ин федератсия Евгений Шумарин ҳамроҳӣ карданд. Агар ба ҷои яке аз онҳо Пискунов мерафт, манфиати бештаре ба Дилшод мерасид ва, бешак, натиҷаи хубтарро ба даст меовард».


Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ, ҳамчунин, Галина Митяеваи 18-сола, шогирди Дилшод Назаров намояндагӣ мекунад. Сабқати интихобии гурзандозӣ байни занон 20-уми август шурӯъ мешавад.

Пас аз ҷамъбасти се рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии варзишҳои майдонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Олмон бо ширкати ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 кишвар то рӯзи 23-юми август идома хоҳад кард, Русия бо касби 2 медали тилло, 1-нуқра ва 2-биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст. Ямайка, ки 2 медали тилло, 1-нуқра ва 1-биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои дуввум мебошад. Лаҳистон бо 1 медали тилло, 3-нуқра ва 1 биринҷӣ севум аст. Умуман дар ҳамин ҳол варзишгарони 12 кишвар медал ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG