Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори донишмандон ба кишварҳои Осиё


Донишмандон аз кишварҳои Осиё даъват кардаанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз камбуди ғизо дар ростои афзоиши аҳолӣ идораи умури оби қораро ислоҳ кунанд. Мудири кулли Пажӯҳишгоҳи байналмилали идораи об Колин Чартрес гуфт, талабот ба обу ғизо дар қораи Осиё то соли 2050-ум ду маротиба хоҳад афзуд. Чартрес ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ин мушкил ба манотиқи ҳамҷавор бо Осиё низ таъсир хоҳад кард. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии идораи об ҳамроҳ бо СММ дар чаҳорчӯби Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокҳолм гузориши ҷадидеро дар масъалаи об нашр кардааст. Дар ҳамоиши Стокҳолм беш аз 2500 тан аз донишмандону сиёсатмадорон ва мақомот аз саросари ҷаҳон гирди ҳам омадаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG