Пайвандҳои дастрасӣ

Силсилаи ҳамлаҳои пурқурбонӣ дар Қафқози шимолӣ


Дирӯз силсилаи бомбгузориҳои хунин минтақаи Қафқози шимолии Русияро таккон дод. Бар асари ҳамлаи маргталабона бо мошини бомбгузоришуда алайҳи қароргоҳи як идораи милиса дар Ингушистон дасти кам 20 афсар кушта ва беш аз 130 тани дигар, бо шумули кӯдакон ва сокинони сохтмонҳои атроф, захмӣ шуданд. Ин хунинтарин ҳамла дар ин ҷумҳурии ошӯбзада дар чанд соли охир дониста мешавад.
Шоми дирӯз таркиши бомби рӯироҳ дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон низ як маъмури пулисро кушта ва се тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба дунболи ин ҳамла вазири умури дохилии Ингушистонро аз мақом барканор кард.
XS
SM
MD
LG