Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи Гурҷистон аз СНГ имрӯз ниҳоӣ мешавад


Муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон Давид Ҷалагания ба хабарнигорон гуфт, ки Гурҷистон рӯзи сешанбе, 18 август, раванди хуруҷаш аз Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъро такмил мекунад. Гурҷистон ҳанӯз дар августи соли гузашта, дар ҷараёни ҷанги кӯтоҳаш бо Русия эълон карда буд, ки аз ин Иттиҳоди кишварҳои пасошӯравӣ хориҷ мешавад. Леонид Слутский, як мақоми Думаи давлатии Русия, дирӯз дар Маскав, ин иқдоми Тифлисро “ иқдоме шитобкорона” номид ва гуфт, хуруҷи Гурҷистон таъсире ба Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ нахоҳад дошт, вале барои худи мардуми гурҷӣ пайомадҳои манфӣ хоҳад овард.
XS
SM
MD
LG