Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду дипломати русро аз Прага фаро мехонанд


Матбуоти Чехия мегӯяд, ки давлати Ҷумҳурии Чех ду корманди сафорати Русия дар Прагаро фаро мехонад. Бино бар навиштаи “Млада Фронта Днес”, яке аз ихроҷшавандагон ноиби кордори низомии сафорат аст.
Дипломати дуввум дар рухсатӣ будааст, вале мақомоти Чехия тавсия додаанд, ки ба Прага барнагардад. Сарвазири Ҷумҳурии Чех Ян Фишер ва ҳамин тавр, мақомоти сафорати Русия дар Прага аз ташреҳи ин хабар худдорӣ варзидаанд.
XS
SM
MD
LG