Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Арктик Сӣ" дар Димоғаи сабз ёфт шуд


Вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков гуфт, киштии тиҷории “Арктик Сӣ”, ки таҳти парчами Малта шино мекард, вале ҳайъати маллоҳонаш атбоъи Русия буданд, баъд аз тақрибан 3 ҳафтаи ғуюб дар уқёнуси Атлантик дар ҳошияи ҷазираҳои Димоғаи сабзи Африқо пайдо шудааст. Сердюков гуфт, ҳамаи 15 узви ҳайъати киштӣ зиндаву солим ба даст омада, феълан дар як киштии низомии Русия таҳти бозпурсӣ қарор доштаанд. Вазири дифоъи Русия аммо гуфт, ҳайъати киштӣ таҳти асорати кадом гурӯҳи мусаллаҳ қарор надошт.
“Арктик Сӣ”, ки бояд ба Алҷазоир шино мекард, рӯзи 28 июл ғайб зад ва ҳадс зада мешуд, ки шояд роҳзанҳо ҳайъаташро гаравгон гирифта бошанд.
XS
SM
MD
LG