Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар нирӯгоҳи бузургтарини Русия


Мақомоти Русия мегӯянд, садамаи фаннӣ дар бузургтарин нирӯгоҳаш – нирӯгоҳи барқи обии Саяно- Шушенск дастикам 11 нафарро кушта ба ҷо гузошт ва 72 нафари дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Ин сониҳа дар ҷараёни корҳои тармимӣ дар ин нирӯгоҳи воқеъ дар фарози рӯди Енисей рух дод.
Нирӯгоҳи Саяно-Шушенск бузургтарин нирӯгоҳ дар паҳнои шӯравии собиқ ва чорумин нирӯгоҳи бузурги дунёст.
Садама дар ин нирӯгоҳ боиси қатъ шудани тавзеъи нирӯи барқ ба манотиқи атроф ва корхонаҳои воқеъ дар ин қаламрав, аз ҷумла корхонаҳои бузурги алюминсозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG