Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак имрӯз бо Обама мулоқот мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Кохи Сафед бо ҳамтои мисриаш Ҳуснӣ Муборак мулоқот мекунад. Дар пешорӯи ин мулоқот, вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, маъмурияти Обама умедвор аст, ки шароити шурӯъи дигарбораи музокироти сулҳ байни Исроил ва фаластиниҳо ба зудӣ таҳия шавад. Сухангӯи ин вазорат Пӣ Ҷей Кровлӣ, ки дар пайи дидори яксоатаи вазири хориҷа Ҳилларӣ Клинтон бо Ҳуснӣ Муборак сӯҳбат мекард, гуфт, умед ҳаст, ки шароити ин музокирот то чанд ҳафтаи дигар таҳия шавад.
XS
SM
MD
LG