Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши хунин дар Ингушистон


Бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар қароргоҳи як идораи милиса дар Назран, бузургтарин шаҳри Ингушистони Русия, 20 нафар кушта шуданд. Додситонӣ мегӯяд, маргталаб бо мошин ба самти дарвозаи ин сохтмон ҳамла кард ва бомб вақте таркид, ки афсарони милиса барои ҷаласаи бомдодӣ саф ороста буданд. Дар натиҷаи ин ҳамла, ки хунинтарин ҳамла дар Ингушистон дар чанд соли охир унвон мешавад, мардуми зиёде, бо шумули кӯдакон ва сокинони сохтмонҳои атроф ҷароҳат бардоштанд. Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба дунболи ин ҳамла вазири умури дохилии Ингушистонро аз мақом барканор кард.
XS
SM
MD
LG