Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 31,2 дарсад коҳиш ёфта, бо шумули табодули газу барқ 1 миллиарду 903,9 миллион долларро ташкил додааст.
Тавозуни тиҷорати хориҷӣ низ манфӣ шуда, ҳаҷми воридот назар ба содирот тақрибан 3 маротиба бештар шудааст.
Содироти фаровардаҳои Тоҷикистон дар 7 моҳи аввали сол 498,1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 46,8 фоиз камтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки мизони воридот имсол ба 1 миллиарду 405,8 миллион доллар баробар шудааст.
XS
SM
MD
LG