Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии гумшудаи Русияро ёфтаанд


Анатолий Сердюков – вазири дифоъи Русия мегӯяд, киштии тиҷоратиеро пайдо кардаанд, ки бо маллоҳони русаш се ҳафта пеш нопадид шуд. Ин киштӣ дар наздикии ҷазираҳои Кейп Верде дар ғарби Африқо ёфт шудааст. Матбуоти Русия мегӯяд, вазири дифоъ, ба Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳур иттилоъ додааст, ки ҳама 15 маллоҳи киштӣ зиндаву саломат ҳастанд ва дар нови баҳрии Русия қарор доранд. Нопадид шудани киштии “Баҳри Арктика” мақомоти Аврупо ва Африқои Шимолиро гиҷу сардаргум кард. Доир ба ҷузъиёти нопадид шудани киштӣ, ки 28 июл аз худ дарак дода буд, чизе гуфта нашудааст. Маллоҳони “Баҳри Арктика” аввал гуфта буданд, ки ба киштии онҳо афроди ниқобпӯш ҳамла кардаанд.
XS
SM
MD
LG