Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии ҳомиёни ҳуқуқро пароканда карданд


Гирдиҳамоии як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи башари қирғиз рӯзи душанбе дар шаҳри Бишкек ба шикаст рӯ ба рӯ шуд.

Ин гирдиҳамоӣ бо амри як корманди додситонӣ ба таври фаврӣ мутаваққиф сохта шуд. Корманди додситонӣ аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ тақозо кард, ки пароканда шаванд, дар акси ҳол тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд.

Аммо Азиза Абдурасулова, раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ» ё «Шамъи аср», ки худро яке аз созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ муаррифӣ намуд, гуфт, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар назди бинои кумитаи амният ҷамъ омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, созмон додани намоишҳои эътирозӣ ва гирдиҳамоии сулҳҷӯёна ҳаққи шаҳрвандии ӯ ва мардуми Қирғизистон аст.

Вай афзуд, 12 рӯз муқаддам вай шаҳрдориро аз иқдоми худ огаҳ кардааст, аз ин рӯ тақозои корманди додситонӣ хилофи қонунгузориҳои кишвараш меҳисобад ва ӯро ба додгоҳ хоҳад кашид. Бино ба суханони раҳбари созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ», ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Қирғизистон зери суол мондааст.

Азиза Абдурасулова гуфт, кормандони амният дар ноҳияи Навканди вилояти Ӯш як гурӯҳи афродро боздошт кардаанд, ки барои ин афрод маълум нест, чи гуноҳ содир кардаанд. Вай афзуд, аммо дар вилояти Ҷалолободи кишвараш ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ як идда афрод бидуни муҳокимаи аъмол дар додгоҳ ба қатл расиданд.

Дилдора Тешабоева, як сокини вилояти Ӯш, мегӯяд, ки кормандони амният бародараш Музаффарро ба иттиҳоми ширкат дар тазоҳуротҳои мардумӣ дар ноҳияи Навканд боздошт кардаанд ва ба 17 соли ҳабс маҳкум намудаанд. Вай гуфт, ки аз ин ҳукми додгоҳ ҳаргиз розӣ нест ва ба манзури ширкат дар гирдиҳамоии ҳомиёни ҳуқуқи башар ба Бишкек омадааст, то алайҳи амалҳои ғайриқонунии кормандони ин идора эътироз намояд.

Ба таъкиди Асия Сасиқбоева, як ҳомии дигари ҳуқуқи башар, афроде, ки дар узвият ба созмони тундрави «Ҳизби таҳрир» муттаҳам шудаанд, дар асл намедонанд, ки чаро онҳоро маҳз дар пайравӣ ба ин созмон муттаҳам кардаанд ва паси панҷараи зиндон андохтаанд. Ин хонум афзуд, баъди таҳқиқи чанд ҳодисаи боздошт вай ба чунин натиҷа расид, ки маҳз бо хатои кормандони амният афроди бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудаанд.

Дар ҳоле, ки иштирокчиёни гирдиҳамоӣ аз тақозои корманди додситонӣ ҷиҳати пароканда шудани онҳо ибрози нороҳатӣ карданд, Таалай Шодмонов, як афсари хадамоти интизомӣ, гуфт, ки дар пешорӯи биноҳое, ки атрофашон иҳота гирифта шудааст, созмон додани гирдиҳамоӣ ва намоишҳои эътирозӣ мамнӯъ аст.

Вай афзуд, ки дар ҳамин ҳол дар маҳалли бозпурсиҳои қаблии кумитаи амният афроде ба сар мебаранд, ки дар ҷиноятҳои вазнин гумонбар шудаанд ва ба ин далел таъсиси гирдиҳамоиҳоро дар назди ин гуна таъмирҳо ба мақсад мувофиқ намешуморад.
XS
SM
MD
LG