Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мардум ба як корхонаи Чин


Гурӯҳе аз тазоҳугарони хашмгини чинӣ ба як корхонаи коркарди маъдан ҳамла кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, садҳо нафар кӯдакро заҳролуд намудааст. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Синхуа”, ин тазоҳугарон деворҳо ва мошинҳои боркаши корхонаи “Донглинг” дар вилояти шимолуғарби Шанзиро хароб кардаанд. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, бештар аз 600 нафар кӯдаки сокини атрофи корхона, дар таркиби хунашон миқдори хатарноки сурбро доштаанд ва ҳудуди 150 нафари онҳоро дар бемористон бистарӣ кардаанд. Тазоҳурот ба зидди олудасозии муҳит дар Чин бештару бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG