Пайвандҳои дастрасӣ

Талаби ҳомиёни матбуот ба ҳимоят аз "Имрӯз"


Созмонҳои ҳомии матбуот дар Тоҷикистон бо нашри як баёнияи муштарак аз муттавақиф шудани пахши барномаҳои радиои “Имрӯз” ва авзоъи мавҷуд дар фазои иттилоъотии кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд. Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, Иттиҳодияи расонаҳои мустақил ва Медиа Алянс ин тавқифи пахши барномаҳои "Имрӯз"-ро иқдоми ғайриқобили қабул хонда ва аз тарафҳои дахил дар қазия хостаанд, то “мушкили мавҷудро дар чаҳорчӯби қонун ва бо канор гузоштани манофеъи хусусӣ, корпоративӣ ва сиёсӣ” ҳал кунанд. Пахши барномаҳои радиои “Имрӯз”, ки аз радиоҳои як андоза мустақил ва сершунавандаи Тоҷикистон аст, ҳафтае пеш муттавақиф шуд. Ба эътиқоди раҳбарони радио, сабаби қатъи пахши барномаҳо эҷоди монеа дар роҳи фаъолияти “Имрӯз” аст, ки афкори мухталифро дар барномаҳои худ бозтоб медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG