Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре кӯдаконро дар Пешовар кушт


Пулиси Покистон мегӯяд, бомбгузори маргталабе имршӯз дар шаҳри Пешовар шаш нафарро куштааст. Ба иттилоъи мақомот, ин маргталаб, мошини боркаши бомбгузоришудаашро дар нуктаи бензинфурӯшӣ дар маҳалли Шабқадари ноҳияи Чорсада мунфаҷир кардааст. Фарзандони як зан, ки ба мошинашро бензин мерехтааст, дар ин ҳодиса ҳалок шудаанд. То кунун касе масъулияти ин бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст. Маҳалли таркиш наздик ба манотиқи қаболинишини Покистон аст, ки Толибон дар он нуфуз доранд ва қавл додаанд, ки ниқори Байтуллоҳ Маҳсуд раҳбари кушташудаашонро хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG