Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави ҳамла дар Ингушистон


Мақомоти шаҳри Назрани маркази ҷумҳурии Ингушистони Русия мегӯянд, бар асари бомбгузории интиҳорӣ дар як қароргоҳи милисаи ин шаҳр 18 нафар кушта шуданд. Додситонҳо мегӯянд, фарди маргталаб субҳи барвақт мошини боркаши бомбгузоришударо ба қароргоҳи милиса равона кардааст, ки дар онҷо кормандони милиса саф ороста буданд. Бар асари таркиши баъдӣ шаст нафари дигар, аз ҷумла нӯҳ кӯдак низ дар хонаҳои атрофи қароргоҳи милиса маҷрӯҳ шудаанд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Ингушистон тайи чанд моҳи ахир шоҳиди афзоиши ҳамлаҳои тундравони исломӣ ва ё муноқишаи гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ шудааст. Раиси ҷумҳури ин кишвар моҳи июн бар асари як бомбгузории маргталабона сахт маҷрӯҳ шуд.
XS
SM
MD
LG