Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Афғонистон наздиктар мешавад


Корзори тарғиботии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳур дар Афғонистон имрӯз расман ба поён мерасад. Довталабони курсии раиси ҷумҳур охирин талошҳои худро мекунанд, то ҳимояти мардумро, ки 20 август, ба раъйдиҳӣ хоҳанд рафт, ба даст биёранд. Имрӯз дар шаҳри Кобул, ҳазорон нафар ба нишони ҳимоят аз Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷа ва рақиби аслии Ҳомиди Карзай раҳпаймоӣ карданд. Рӯзи якшанбе Ҳомиди Карзай бо ду номзади дигар дар баҳси рӯ ба рӯи интихоботӣ, ки аз тарафи Радиои Озодӣ мизбонӣ шуд, ширкат кард. Ӯро барои ташкили эътилофҳои баҳсбарангез, аз ҷумла бо Абдулрашид Дустум, ҷангсолори нерӯманди ӯзбак танқид кардаанд, ки чанде пеш аз Туркия ба Афғонистон баргашт.
XS
SM
MD
LG