Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқотҳои Ҳуснӣ Муборак дар Амрико


Ҳуснӣ Муборак – раиси ҷумҳури Миср, имрӯз бо мақомоти баландпояи Амрико, аз ҷумла Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷа дар шаҳри Вашингтон дидору гуфтӯгу мекунад. Ӯ ҳамчунин бо Ҷеймс Ҷонс – мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва Деннис Блейр – мудири Идораи Миллии Иттилоъотии Амрико мулоқот хоҳад дошт. Дидори Ҳуснӣ Муборак бо Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ба субҳи сешанбе барномарезӣ шудааст. Бори саввум мешавад, ки раҳбарони Амрико ва Миср бо ҳам дидор мекунанд. Барак Обама таъкид кардааст, ки пешрафт дар музокироти шахшудаи сулҳи Ховари Миёна аз авлавиятҳои кори ҳукумати ӯ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG