Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри рӯзномаи Каррубиро боздоштанд


Додситонии Эрон нашри рӯзномаи Меҳдӣ Каррубӣ - номзади шикастхӯрда дар интихоботро муттавақиф кардааст. Ин рӯзнома иддаъоҳои Меҳдӣ Каррубиро нашр карда буд, гуфтааст, баъзе аз писарону духтарони тазоҳургари боздоштшударо дар зиндон таҷовузи ҷинсӣ кардаанд. Ҳусейн - писари Меҳдӣ Каррубӣ, имрӯз дар вебсайти падараш навиштааст, ки додситонӣ дастур додааст, то нашри рӯзномаи “Эътимоди Миллӣ” муваққатан боздошта шавад. Чанд соат пеш аз ин амри додситонӣ, рӯзномаи мазкур ҳамчунин гузориш дод, Мирҳусайн Мӯсавӣ - раҳбари мухолифин Эрон қасд дорад, аз тариқи ҳаракати сиёсии нави “Роҳи Сабзи Умед” идома бидиҳад.
XS
SM
MD
LG