Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров – дар финали сабқати ҷаҳонӣ


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Берлин барои аввалин бор ба даври ниҳоии сабқат роҳ ёфт.

Дилшод Назаров дар сабқати интихобӣ гурзро ба масофаи 75 метру 83 сантиметр ҳаво дода, байни 12 варзишгаре, ки ба финал баромаданд, ҷои 11-умро касб намуд.

Варзишгари Маҷористон Кристиан Парс, барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин, бо натиҷаи 78,68 м ғолиби сабқати интихобӣ шуд. Шимон Сиолковски (Лаҳистон), қаҳрамони Олимпиадаи Сидней-2000, бо натиҷаи 77,89 м дар ҷои дуввум қарор гирифт. Павел Кривитски (Булғористон) бо натиҷаи 77,85 м севум ва Сергей Литвинов (Олмон) бо натиҷаи 77,68 м чаҳорум шуданд. Варзишгари Словения Примош Козмус, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, бо натиҷаи 77,55 м ҷои панҷумро гирифт. Инчунин Игор Виниченко (Русия, 77,54 м), Никола Виссони (Италия, 76,95 м), Маркус Эссер (Олмон, 76,81 м), Андраш Хаклис (Хорватия, 76,39 м), Либор Чарфрейтаг (Словакия, 76,29 м) ва Алексей Загорний (Русия, 75,38 м) ба финал баромаданд.

Сабқати ниҳоии гурзандозӣ байни мардон 17-уми август соати 21-и вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар сабқати ниҳоии гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 54 сантиметр дар ҷои 9-ум қарор гирифта буд. Примош Козмус бо натиҷаи 82 м 02 см соҳиби медали тиллои Олимпиадаи Пекин гашта буд.

Дилшод Назаров, ки 26-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, аз моҳи марти соли ҷорӣ раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ, ҳамчунин, Галина Митяеваи 18-сола, шогирди Дилшод Назаров намояндагӣ мекунад. Сабқати интихобии гурзандозӣ байни занон 20-уми август ва даври ниҳоӣ 22-юми август барпо мегарданд.

Пас аз ҷамъбасти ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии варзишҳои майдонии ҷаҳон, ки дар пойтахти Олмон бо ширкати ҳудуди 2000 варзишгар аз 200 кишвар то рӯзи 23-юми август идома хоҳад кард, Русия бо касби 2 медали тилло дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ямайка, Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Кения яктоӣ медали тилло ба даст овардаанд. Бахусус ғалабаи варзишгари Ямайка Усейн Болт, қаҳрамони секаратаи Бозиҳои олимпӣ, қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,58 сония рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Натиҷаи нишондодаи ӯ ҳамчун ғолиб дар Олимпиадаи Пекин 9,69 сония буд. Ду варзишгари Русия, қаҳрамонони Олимпиадаи Пекин – Валерий Борчин ва Олга Канискина - дар роҳгардӣ ба масофаи 20 км медалҳои тилло ба даст оварданд. Инчунин Эннис Ҷессика (Британия) дар ҳафтҳарба, Валери Вили (Зеландияи Нав) дар партофти вазна байни занон, Кристиан Кантуэлл (ИМА) дар партофти вазна байни мардон, Линет Масаи (Кения) дар давидан ба масофаи 10 км ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд.
XS
SM
MD
LG