Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Ҷопон аз марҳалаи пасрафт берун мешавад


Иқтисоди Ҷопон дар семоҳаи дуввуми соли равон дар миқёси солона 3,7 дарсад рушд кардааст, ки аломати дубора рӯ ба боло овардани содироти Ҷопон дар паи пасрафти аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон бесобиқаи ин дуввуми иқтисоди бузурги дунёст. Бино ба омори нашркардаи кобинаи вазирони Ҷопон, назар ба семоҳаи аввали сол иқтисоди кишвар 0,9 дарсад рушд кардааст, ки агар дар миқёси солона ҳисоб шавад, 3,7 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Афзоиши талабот дар Чин ва бозорҳои дигари дар ҳоли рушд ба тавлидоти корхонаҳои Ҷопон як сабаби аслии рӯ ба рушд овардани иқтисоди ин кишвар номида мешавад.
XS
SM
MD
LG