Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси телевизионии номзадҳо дар Афғонистон


Барои нахустин бор президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай бо ду довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ дар як баҳси телевизионӣ ширкат варзид.

Карзай дар ин баҳс бо вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва вазири собиқи план Рамазон Башардӯст вориди баҳс шуд. Аҳмадзай ва Башардӯст, ки дар гузашта дар кобинаи вазирони Ҳомиди Карзай курсиҳои калидиро дар даст доштанд, рақиби худро дар ин баҳси телевизионӣ пиромуни масоиле, чун фасодзадагии давлат, ҷангсолорон, вазъи иқтисод, ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва барномаҳои оштиву мусолиҳа бо чирикиҳои толиб ба чолиш кашиданд.

Ҳамаи номзадҳо талош карданд, бо истифода аз ин фурсат дидгоҳ ва барномаҳои худро дар пешорӯи интихоботи рӯзи 20 август ба
Амрико ва НАТО мефаҳманд, ки сулҳ зарур аст ва назар ба ҷанг дида, тавассути раванди оштӣ миёни афғонҳо зудтар ба даст меояд. Лиҳозо даъвати як Лоя Ҷирга бо ширкати тамоми афғонҳо зарур аст, ки ба он Толибон ва Ҳизби исломӣ низ даъват карда хоҳанд шуд.
самъи 17 миллион мардуми воҷиди шароити раъйи Афғонистон бирасонанд.

Баҳси номзадҳо ду соат идома кард ва ба таври мустақим тавассути телевизиони давлатии Афғонистон ва Радиои Афғонистони Озод, як бахши Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ нашр шуд. Аммо доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, вазири пешини умури хориҷии Афғонистон ва рақиби аслии Ҳомиди Карзай дар интихоботи рӯзи панҷшанбе ҳанӯз қаблан аз ширкат дар ин баҳси телевизионӣ даст кашид.

Рамазон Башардӯст, ки аксар ӯро ба хотири рӯзгори хоксорона ва шеваи мардумгароёнаи суханрониҳояш “Гандии афғон” лақаб додаанд, дар интиқод аз вазъи кунунӣ дар Афғонистон пешдаст буд. Башардӯст аз интихобкунандагон даъват кард, раъйи худро танҳо ва танҳо ба хотири ислоҳоти воқеъӣ дар кишвар бидиҳанд. Рамазон Башардӯст фасодзадагии давлатро мушкили рақами як дар Афғонистон унвон кард ва гуфт, нигаронии бештари мардуми оддӣ аз ҳамин ноҳияи фасод дар идороти давлатӣ ва ҳузури ҷангсолорон ва қотилони собиқ дар ҳайъати давлат бармехезад.Ба эътиқоди ӯ, даст ёфтан ба амният бидуни адолат корест номумкин.

Ҳомиди Карзай минбари ин баҳси телевизиониро ба манзури ташреҳи барномаи мусолиҳа ва оштияш бо Толибон истифода бурд. Карзай гуфт, барномаи маъмурияти ӯ ҷиҳати идомаи ҷанг алайҳи террор ва мусолиҳа бо мухолифини мусаллаҳ истиқболи фарогири байналмилалиро пайдо кардааст: “Хушбахтона, ҳоло шароити хубе барои мусолиҳа пеш омадааст. Ҳусни тафоҳуми мо бо ҷаҳони ислом, аз ҷумла бо Арабистони Саудӣ, ва ҳам бо Амрико, дар ин масъала беҳтар шудааст. Амрико ва НАТО мефаҳманд, ки сулҳ зарур аст ва назар ба ҷанг дида, тавассути раванди оштӣ миёни афғонҳо зудтар ба даст меояд. Лиҳозо даъвати як Лоя Ҷирга бо ширкати тамоми афғонҳо зарур аст, ки ба он Толибон ва Ҳизби исломӣ низ даъват карда хоҳанд шуд.”

Аммо Башардӯст ин барномаро ба чолиш кашид ва онро натиҷаи “ташхиси нодуруст”-и вазъ номид. Вазири собиқи план гуфт, то замоне ки дар давлати кунунии Афғонистон ҷангсолорон нақши умдаро бозӣ мекунанд, мавзӯъи музокирот бо Толибон пеш нахоҳад рафт.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, вазири собиқи молия ва корманди собиқи Бонки ҷаҳонӣ, ки баҳсро бо хунсардии одатиаш пеш мебурд, дар бораи барномаҳояш ҷиҳати таъсиси 1 миллион ҷойи нави корӣ ва эҷоди як маъмурияти коромад сӯҳбат кард. Аҳмадзай аз мардум даъват кард, алорағми таҳдидҳои Толибон аз ҳаққи худ барои ширкат дар интихобот истифода кунанд. Ӯ ҳамчунин рақибаш Ҳомиди Карзайро, ки фармондеҳи собиқи муҷоҳидин Муҳаммадқасими Фаҳимро ба ҳайси ноиб интихоб кардааст, ба боди интиқод кашид ва гуфт, дар сурати интихоб шуданаш ӯ барои бунёди як Афғонистони амну шукуфо, ки пуле байни Осиёҳои ҷанубиву марказӣ ва Ховари Миёна бошад, аз худ дареғ нахоҳад дошт.



Муҷрии ин баҳси телевизионӣ мудири Радиои Афғонистони Озод Акбар Аёзӣ буд, ки сахтгирона сухани номзадҳоро мебурид ва навбатро ба якеи дигар медод. Ҳомиди Карзай ба ин нукта таъкид кард, ки барои нахустин бор дар таърихи Афғонистон чунин баҳс байни номзадҳо сурат мегирад. Карзай ҳамчунин аз дастовардҳои 7 соли раҳбариаш бар Афғонистон дифоъ кард ва гуфт, танҳо ва танҳо ба хотири манофеъи миллӣ амал кардааст.

Ду соат баҳси номзадҳо хеле гарму доғ буд, вале натавонист як ғолиби қотеъро муайян кунад. Ғолиби қотеъ ва ниҳоӣ рӯзи 20 август маълум хоҳад шуд. Рӯзе, ки миллионҳо мардуми воҷиди шароити раъй дар Афғонистон бо вуҷуди таҳдиди Толибон пеши сандуқҳои раъйгирӣ хоҳанд рехт ва аз байни 41 номзад як нафарро ба ҳайси раисиҷумҳури ояндаи ин кишвари ҷангзада бар хоҳанд гузид.
XS
SM
MD
LG