Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клотилд Рейс аз боздошт раҳо ёфт


Дафтари раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ хабар дод, ки Клотилд Рейс, шаҳрванди дар Эрон боздоштшудаи ин кишвар дар баҳои пардохти пули гарав раҳо шудааст. Гуфта мешавад, вазъи ӯ хуб буда, хонум Рейс то судури ҳукмаш дар сафоратхонаи Фаронса дар Теҳрон ба сар хоҳад бурд.
Клотилд Рейс ва як корманди маҳаллии сафорати Фаронса дар авоили моҳи июл бо иттиҳоми даст доштан дар эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шуданд.
Дирӯз дар Теҳрон мурофиаи боз 25 тани дигари муттаҳам ба ширкат дар ошӯбҳо оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG