Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарғиботи Толибон бар зидди интихоботи Афғонистон


Толибони ошӯбгар таҳдид кардаанд, ки дар рӯзи интихоботи президентӣ ва маҳаллии ин кишвар болои ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ҳамла хоҳанд кард. Варақаҳое бо чунин ҳушдор дар деҳоти ҷануби Афғонистон ёфт шудаанд. Дар онҳо Мулло Ғулом Ҳайдар ном шахсе, ки худро фармондеҳи Толибон дар Қандаҳор меномад, имзо гузоштааст. Дар варақаҳо таъкид шудааст, ки раъйдиҳандагон ҳамчун муттафиқи ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ душмани ислом арзёбӣ хоҳанд шуд. 20-уми август дар Афғонистон интихоботи президентиву маҳаллӣ барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG