Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯби ҷудоихоҳони курд 25-сола шуд


Охири ҳафтаи равон дар Туркия маросими ёдбуди 25-умин солгарди оғози ошӯби ҷудоихоҳони курд барпо шуд, ки дар он сиёсатмадорон ба мусолиҳа даъват карданд. 15 августи соли 1984 ҷудоихоҳони курд барои аввалин бор болои воҳидҳои полис ва артиш дар шаҳрҳои ҷанубу шарқии Эруҳ ва Семдинлӣ ҳамла карда, сипас ба шимоли Ироқ фирор намуданд. Дар давоми 25 сол дар бархӯрдҳои низомӣ наздик ба 40000 нафар ҳалок шудаанд. Шоми шанбе дар шаҳри Эруҳ ҷашнвора доир шуд, ки дар он оҳангҳои курдӣ садо дода, раиси парламент Маҳмадалӣ Шоҳин ба оштӣ бо ақаллияти курдтабор даъват кард.
XS
SM
MD
LG