Пайвандҳои дастрасӣ

Сенатори амрикоӣ ҳамватанашро аз Мянмар берун кард


Марди амрикоӣ, ки бо ҷурми вуруд ба хонаи пешвои демократии Мянмар Аунг Сан Су Чӣ боздошт шуда буд, ба хонааш баргашт. Ҷон Йеттав баъди дахолати сенатори амрикоӣ Ҷим Веб раҳо гашт. Веб аз номи Йеттав ба раҳбари низомии Мянмар Тан Шве муроҷиат кард. Веб ва Йеттав савори ҳавопаймои низомӣ ба Бангкок парвоз карданд. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Мянмар Йеттавро ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард, зеро ӯ бидуни даъвати расмӣ дар хонаи Аунг Сан Су Чӣ ҳозир шуда, бо ин амал шароити ҳабси хонагии Су Чиро халадор намуд. Баъд аз ин ҳодиса ҳабси хонагии Су Чӣ 18 моҳ тамдид ёфт.
XS
SM
MD
LG