Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Британия дар Афғонистон 201 касро аз даст додааст


Дар Афғонистон боз ду сарбози дигари Британия ба ҳалокат расиданд. Ҳамин тариқ шумораи умумии қурбониҳои ин кишвар дар амалиёти Афғонистон ба 201 нафар баробар шуд. Вазорати мудофиаи Британия мегӯяд, ки рӯзи шанбе як сарбози ин кишвар бар асари таркиш дар наздикиҳои минтақаи Сангини вилояти Ҳилманд ҷароҳат бардошта, баъди чанде вафот кард. Сарбози дигар, ки дар Британия табобат мегирифт, дар бемористон даргузаштааст. Дар Афғонистон наздик ба 9000 низомии Британия ифои вазифа мекунанд. Аксари онҳо дар Ҳилманд маркази муқовимати Толибон мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG