Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунармандони бунёди бадеии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, ҳудуди 60 нафар аз додгоҳи иқтисодии вилоятӣ бо аризаи даъвоӣ тақозо доранд фурӯши коргоҳашонро бекор намуда, ба онҳо баргардонад.

Бунёди мазкур дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, барои даҳҳо ҳунармандону рассомон коргоҳҳои эҷодӣ фароҳам месохт. Ҳунарварони ин коргоҳ мегӯянд, ки сарвари Бунёди мазкур Раҳмат Ботуралиев коргоҳашро муфлис эълон карда, бо роҳи ғайриқонунӣ, бидуни ризояти ҳамкоронаш ба фурӯш дод ва даҳҳо рассомону ҳунармандонро ба кӯча рондааст.

Субҳи рӯзи 14–уми августи соли равон даҳҳо ҳунармандон аз бунёди бадеӣ дар назди додгоҳи иқтисодии Суғд дар шаҳри Хуҷанд мунтазири бозбинии аризаи даъвоии худ буданд. Яке аз онҳо Султон Нормаҳмадови дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мақсади онҳо бекор кардани фурӯши бинои бунёди ҷамъиятии бадеӣ, яъне баргардонидани коргоҳи худ аст. Ба гуфтаи вай, раҳбари бунёд бо асноди сохта, бинои бунёдро бо нархи арзон ба фурӯш додааст.

Вай гуфт, «раҳбарамон аз номи мо кормандон ҳуҷҷат таҳия кардааст, ки дар маҷлиси умумӣ мо ба фурӯши коргоҳ ризоият додаем. Зери он аз номи ман ҳам имзо гузоштаанд, ҳол он ки ман тамоман бехабар будам. Мо баъди ба фурӯш рафтани коргоҳамон аз ин огоҳ шудем. Масоҳати коргоҳамон ҳудуди 1 ҳазор метри квадратӣ ва ба 65 ҳазор сомонӣ савдо шудааст. Акнун соҳибмулкони нав ҳар рӯз омада, бо фишор варда, моро берун ронданӣ мешаванд».

Ҳунарварони бунёди бадеии вилояти Суғд, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, ки як созмони ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад, ба дасти соҳибони хусусӣ гузаштани коргоҳашонро ба маънои аз даст рафтани ҷойҳои кори худ арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ҳунармандони бунёди мазкур, аз рӯи Оиннома раҳбар пеш аз ба фурӯш гузоштани коргоҳ бояд бо кормандони коргоҳаш маслиҳат мекард ва бо ризояти онҳо ба ин кор даст мезад . Дар ҳолати хоҳиш авлавияти харижи коргоҳ бояд ба худи кормандон дода мешуд. Ҳунарварони бунёди бадеии вилояти Суғд, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, ки як созмони ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад, ба дасти соҳибони хусусӣ гузаштани коргоҳашонро ба маънои аз даст рафтани ҷойҳои кори худ арзёбӣ мекунанд.

Дар ин коргоҳ мисли Султон-амаки 66-сола ҳудуди 60 нафар ҳунарварони мардумӣ даҳҳо сол боз кору фаъолият мекунанд. Вай мегӯяд, «ман қариб 25 сол боз ҳайкалтарош шуда кор мекунам. Ҳозир бекор гаштаам. Ба дарҳои коргоҳамон умҳр зада, моро аз ҷойи кор маҳрум карданд. Маҷбурем Русия рафта, мардикорӣ кунем . Ин ҷо устоҳои номдор ҳастанд, ҳунармандони халқӣ ҳастанд. То шаҳри Болдуери Амрико рафта, чойхона сохтагӣ устоҳои ин ҷо», - мегӯяд Алишер ном узви бунёди мазкур.

Абдухолиқ Давлатови 50-сола, узви дигари ин коргоҳи эҷодӣ, меафзояд, «15 сол боз корхона дар иҷора буд. Агар он пулҳоро ҷамъ мекарданд, корхона аз тилло мешуд. Аммо раҳбари мо, ки худаш рассом аст, ҳаққи ҳамкасбонашро поймол кард. Ин корхонаи ҳунарварӣ дар вилоят ягона. Акнун ҳама ҳаракати мо ҳамин ки хтиёри ҳунармандон истаду ҳама сарҷамъ бошем ва дар канорамон ҳунарварону расомони ҷавонро гирд оварем».

Вале Раҳмат Ботуралиев, раҳбари бунёди бадеии вилояти Суғд, рассом, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвои ҳамкорони худро рад кард. Вай хусусӣ гаштани бинои бунёди бадеиро як кори ҳалшуда меҳисобад. Вай гуфт, «баҳсҳо тамом шуда истодааст. Ҳама ҳуҷҷатҳо ҳаст, ки корхона бо роҳи қонунӣ ё ғайриқонунӣ хусусӣ карда шудааст. Натиҷаи тафтишоти додситониву идораи зидди коррупсияву додгоҳи иқтисодӣ ҳам дар ин бора ҳаст».

Ба гуфтаи оқои Ботуралиев, ҳунармандони бунёди бадеӣ дар тӯли даҳсолаҳо натавонистаанд ҳамқадам бо замон фаъолият кунанд ва коргоҳи худро ба вартаи муфлисӣ кашиданд. Аз ин хотир раҳбар онро ба фурӯш гузошт. Ӯ афзуд ният дорад ошёнаи якуми бинои бунёдро ба коргоҳҳои ҳунарварон ва фурӯшгоҳ ва ошёнаи дуюмро ба намоишгоҳи намунаҳои бозоргири ҳунарҳои мардумӣ табдил бидиҳад.

Вале оё савдои бинои бунёди бадеӣ бо роҳи қонунӣ сурат гирифтааст ё не ? Ин саволест, ки посухи онро раҳбари бунёди бадеӣ ба мақомоти тафтишотӣ вогузор намуд.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз додгоҳи иқтисодии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аризаи даъвоии гурӯҳи ҳунарварони бунёди бадеии вилояти Суғд дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва барои муайн намудани аслӣ ё қалбакӣ будани санади ризоят ба фурӯши бинои бунёди мазкур аз ҷониби аъзои ин коргоҳ раиси бунёди ҷамъиятии бадеии Тоҷикистон ба сифати шоҳид даъват хоҳад шуд.

Ба ҳамин тартиб, эҳтимол дорад дар сурати сохта ҳисобидани санадҳои фурӯш аз ҷониби додгоҳ бинои бунёди бадеӣ дубора ба ихтиёри ҳунарварони аъзои он баргардад.
XS
SM
MD
LG