Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини эронӣ ба "Роҳи сабзи умед" мебароянд


Назар ба хабарҳои расида раҳбари мухолифини эронӣ Мирҳусейн Мусавӣ тасмим гирифтааст ба воситаи таъсиси ташкилоти нав бо номи "Роҳи сабзи умед" ба мақомоти ин кишвар муқовимат намояд. Рӯзномаи Эътимоди миллӣ аз қавли Мусавӣ иқтибос меорад, ки ҳадаф аз поягузории ин наҳзат тақозои эҳтироми ҳуқуқи мардуми Эрон аст.

Мусавӣ дар интихоботи президентии Эрон, ки 12-уми июн баргузор гашт, рақиби наздиктарини президенти Маҳмуди Аҳмадинажод буд. Мусавӣ мегӯяд, ки дар интихобот тақаллуб ҷой дошт ва ҳукумати феълии Эрон, ки дар он тундгароҳо нуфуз доранд, ғайришаръист.
XS
SM
MD
LG