Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Покистон силоҳу кумаки иқтисодӣ ваъда дод


Фиристодаи хоси ИМА Ричард Ҳолбрук ба пешрафти "хеле муҳим"-и Покистон дар барқарории назму субот дар манотиқи қаблан таҳти назорати Толибон қарор дошта баҳои баланд дод. Рӯзи якшанбе дар оғози зиёрат аз Покистон Ҳолбрук гуфт, ки ИМА ба Покистон силоҳ ва кумаки иқтисодии бештар ирсол хоҳад намуд. Ба қавли Ҳолбрук пешрафти артиши Покистон ҷангҷӯёнро маҷбур кардааст, ки аз Бунер ва водии Свот берун шаванд. Пешбинӣ мешуд, ки имрӯз Ҳолбрук ба Свот сафар хоҳад кард, вале аз сабаби бориши зиёд зиёрати ӯ ба таъхир гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG