Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи дигарандешони эронӣ идома меёбад


Дар Эрон муҳокимаи дигарандешон идома дорад. Додгоҳи ин кишвар иброз доштааст, ки рӯзи якшанбе дар додгоҳи инқилобии шаҳри Теҳрон парвандаҳои 25 нафар мавриди муҳокима қарор мегиранд. Дар изҳорот номи афроди муҳокимашаванда ошкор нагардидааст. Тибқи омори расмӣ то ҳанӯз тахминан 110 дигарандеши эронӣ дар зиндон нигаҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла мақомоти эронӣ ходимони сафоратҳои Фаронса ва Британияро бо айбномаи ҷосусӣ ва ширкат дар тазоҳуроти баъди интихоботи президентии ҷумҳурии исломӣ муттаҳам мекунанд. Хотирнишон мекунем, ки дар интихоботи 12 июн Маҳмуди Аҳмадинажод бори дуюм ва ба муддати чор сол раисҷумҳури Эрон баргузида шуд.
XS
SM
MD
LG