Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои хунбаҳо дар муқобили раҳоии киштӣ


Назар ба хабарҳои расида соҳиби финландии киштии Arctic Sea, ки ду ҳафта инҷониб бе ному нишон буд, тақозои хунбаҳо дарёфт намудааст. Хабаргузориҳои Фаронса аз номи муфаттишони финландӣ навиштаанд, ки тақозои хунбаҳо ба ширкати соҳиби киштӣ матраҳ шудааст. Бори охир киштӣ бо 15 маллоҳи рус 28 июл аснои убури Ла Манш аз худ дарак дода буд. Ғайбзании киштӣ сару садои зиёд ба бор овард. Рӯзи ҷумъа макони буду боши киштӣ ташхис ёфт. Он дар наздикиҳои соҳилҳои ҷазираи африқоии Капе Верде лангар задааст. То ҳол иртибот бо киштӣ барқарор нашудааст. Русия тасмим гирифтааст ба ин минтақа киштии ҷангӣ фиристад.
XS
SM
MD
LG