Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Лориҷонӣ раиси ҳукми қазоии Эрон шуд


Раҳбари олии Эрон оятулло Содиқ Лориҷониро раҳбари нави ҳукми қазоӣ ё худ додгоҳи олии Ҷумҳурии исломӣ таъйин намуд. Телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, Содиқ Лориҷонӣ, ки ба ҷои Маҳмуд Ҳошимӣ-Шаҳрудӣ ба ин мансаб пешбарӣ шуд, бародари Алии Лориҷонӣ раиси парламенти Эрон ва узви Шӯрои Нигаҳбони қонуни асосии Эрон аст. Сабаби барканории Ҳошимӣ-Шаҳрудӣ хатми мӯҳлати даҳсолаи кори ӯ дар ин мансаб зикр гардидааст. Лориҷонӣ замоне раёсати додгоҳро бар дӯш мегирад, ки дар Эрон муҳокимаи афроди боздоштшуда дар иртибот бо эътирозҳои баъди интихоботи президентии Ҷумҳурии исломӣ ҷараён дорад. Феълан камаш 200 сиёсатмадор, фаъол, ҳуқуқшинос ва рӯзноманигор дар зиндонҳо нигаҳ дошта мешаванд. Дар ин байн хабаргузории ИСНО-и Эрон иттилоъ дод, ки рӯзи якшанбе муҳокимаи боз 25 боздоштшуда дар иртибот бо эътирозҳои баъди интихоботӣ оғоз меёбад.

XS
SM
MD
LG